Эъломи дастуруламали чигунагии хоксупории ҷасадҳо дар Тоҷикистон
Кумитаи дини Тоҷикистон дастуруламали чигунагии хоксупории қурбониёни бемории коронавирусро иҷроӣ кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Кумитаи дини Тоҷикистон эълом кард: Эҳтиром ба ёди амвот ҷойгоҳи вижае дар ислом дорад ва ба касоне, ки бар асари бемории коронавирус фавт карданд ҳам бояд эҳтиром гузошта ва қавонини беҳдоштӣ ва динӣ низ барои гурондани онҳо риоят шавад. Кумитаи дин хотирнишон кард: Мутобиқ бо усул ва шароити шаръӣ ҳаргуна табъиз дар маросими хоксупорӣ нисбат ба касоне, ки бар асари ибтило ба бемориҳои сироятӣ фавт карданд муҷоз (иҷозат) нест. Кумитаи дини Тоҷикистон афзуд: Бар асоси тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ равише барои хоксупории аҷсоди дорои бемориҳои сироятӣ тадвин шудааст. Бар асоси эъломи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, аҷсоди афроде, ки бар асари бемории коронавирус мемиранд уфунатӣ нест балки фақат рияҳои шахси фавтида метавонад дар сурати гурондани нодуруст хатари сирояти беморӣ дошта бошад. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эълом кард: Ашхосе, ки бо шахси фавтида сару кор доранд (кадри пизишкӣ, мурдашӯйҳо, имом хатибон ва касоне ки хоксупориро анҷом медиҳанд) бояд иқдомоти эҳтиётии беҳдоштиро риоят ва аз ниқоби тиббӣ ва дасткаш истифода кунанд ва агар хатари пошидани моеъот аз ҷасад низ вуҷуд дорад, истифода аз айнаки эминӣ ва ниқоби тиббии муҳофиз зарурӣ аст.