Баста шудани роҳи Бохтар ба Душанбе аз сӯи мӯътаризон
(last modified 2020-05-17T14:57:08+00:00 )
Май 17, 2020 19:57 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани роҳи Бохтар ба Душанбе аз сӯи мӯътаризон

Мӯътаризони ноҳияи Хуросон роҳи Бохтар-Душанберо чанд соат бастанд.

Сокинони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар эътироз ба тахриби хонаҳои худ, ба иллати вуқӯи сел ва ирсол нашудани кӯмак аз сӯи мақомот, роҳи Бохтар ба Душанберо чанд соат бастанд.

Ба нақл аз саҳифаи яке аз корбарони иҷтимоӣ дар Facebook, мӯътаризон эълом карданд, ки бо гузашти чанд рӯз аз вуқӯи сел ва тахриби 10 хона, раиси ноҳияи  Бохтар ҳатто барои баррасии мушкилоти сокинон, аз ин манотиқ боздид ҳам накард.

Пеш аз ин, мақомоти Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълом карда буданд, ки дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бар асари вуқӯи сели ахир, теъдоде хонаҳо тахриб ва ду нафари дигар кушта шуданд.