Май 18, 2020 16:45 Asia/Dushanbe
  • Лағви иқомаи намози  Иди Фитр дар Тоҷикистон

Иқомаи намози Иди Фитр дар Тоҷикистон лағв шуд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Осиё плюс, Афшин Муқим дабири матбуотии кумитаи мазҳаби Тоҷикистон гуфт: Намози Иди Фитр дар Тоҷикистон баргузор намешавад. У афзуд: лағви иқомаи намози Иди Фитр ба далели пешгирӣ аз шуюи бемории корона будааст.

Афшин Муқим дабири матбуотии кумитаи мазҳаби Тоҷикистон дар мавриди баргузории Иди Фитр ба сурати онлайн ҳам гуфт: ба асоси назари Раиси Шурои Уламои Тоҷикистон мусулмонони ин кишвар бояд намози Иди Фитрро ҷамоат иқома кунанд ва намозҳои онлайнӣ намози ҷамоавӣ ҳисоб намешаванд.