Лағви иқомаи намози Иди Фитр дар Тоҷикистон
Май 18, 2020 16:45 Asia/Dushanbe
Иқомаи намози Иди Фитр дар Тоҷикистон лағв шуд.
Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Осиё плюс, Афшин Муқим дабири матбуотии кумитаи мазҳаби Тоҷикистон гуфт: Намози Иди Фитр дар Тоҷикистон баргузор намешавад. У афзуд: лағви иқомаи намози Иди Фитр ба далели пешгирӣ аз шуюи бемории корона будааст.
Афшин Муқим дабири матбуотии кумитаи мазҳаби Тоҷикистон дар мавриди баргузории Иди Фитр ба сурати онлайн ҳам гуфт: ба асоси назари Раиси Шурои Уламои Тоҷикистон мусулмонони ин кишвар бояд намози Иди Фитрро ҷамоат иқома кунанд ва намозҳои онлайнӣ намози ҷамоавӣ ҳисоб намешаванд.