Май 18, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коҳиши 2 фоизии тавлиди нохолиси дохилӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон пешбинӣ кард, тавлиди нохолиси дохилӣ дар ин кишвар ҳудуди 2 дар сад коҳиш ёбад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Шавкат Валиев раиси бахши пешбиниҳои калон, равобит ва ислоҳоти иқтисодии вазорати тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон гуфт: густариши корона дар саросари ҷаҳон равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро бо кишварҳои шарик печидатар кардааст. 

Ӯ афзуд: таъсири шуюи корона дар иқтисоди Хитой ва Россия сабаб шуда, то иқтисоди Тоҷикистон ҳам, ки ба навъе вобаста ба ин ду кишвар аст дучори мушкилоти зиёде шавад. 

Шавкат Валиев гуфт: тиҷорати дохилӣ,хориҷӣ ва гардишгарӣ коҳиш ёфта, мизони маблағҳои ирсолии коргарони муҳоҷир дар ин ду кишвар кам шуда ва теъдоде аз тарҳҳои сармоягузорӣ ҳам таътил шудааст.

Раиси бахши пешбиниҳои калон, равобит ва ислоҳоти иқтисодии вазорати тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон гуфт: мутобиқи арзёбии вазоратхона, суръати афзоиши тавлиди нохолиси дохили кишвар имсол аз 7,8 дар сад ба 5,8 дар сад мерасад.