Ташкили комиссияи вижа барои пайгирии бозгашти коргарони муҳоҷири ихроҷшуда аз Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53781-Ташкили_комиссияи_вижа_барои_пайгирии_бозгашти_коргарони_муҳоҷири_ихроҷшуда_аз_Русия
Мақомоти вилояти Самараи Русия комиссияи вижа барои чигунагии бозгашти коргарони муҳоҷири ихроҷшуда аз ин кишвар ташкил доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 19, 2020 04:59 Asia/Dushanbe
  • Ташкили комиссияи вижа барои пайгирии бозгашти коргарони муҳоҷири ихроҷшуда аз Русия

Мақомоти вилояти Самараи Русия комиссияи вижа барои чигунагии бозгашти коргарони муҳоҷири ихроҷшуда аз ин кишвар ташкил доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Интерфакс, 936 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак, ки дар ин минтақа кор мекарданд дар пайи шуйюи коронавирус бекор ва аз Русия ихроҷ шуданд.

Ин теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак акнун дар минтақаи марзии Русия ва Қазоқистон дар чодар зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти вилояти Самара муддати иқомати қонунии ин теъдод коргар дар Русия тамом шуда ва онҳо ба далели баста будани марзҳо наметавонанд ба кишвари худ баргарданд.

Аммо бо тавофуқи намояндагони мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон, ширкатҳои ҳамлу нақли Узбакистон ин афродро аз масири Қазоқистон ба Узбакистон интиқол хоҳад дод.

Ҳамчунин тибқи тавофуқи ширкатҳои нақлиёти Тоҷикистон коргарони муҳоҷири тоҷикро аз Узбакистон ба кишварашон бозмегардонанд.