Май 19, 2020 09:43 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои пизишкии Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон

Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНИСЕФ кумакҳои пизишкӣ ба Тоҷикистон ирсол карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ин бастаи 13 тоннаӣ таҷҳизоти пизишкӣ аз сӯи намояндагии ЮНИСЕФ  ва Иттиҳодияи Аврупо ба мақомоти тандурустии Тоҷикистон таҳвил дода шуд. Ин таҷҳизот шомили 36250 либоси муҳофиз, 40320 адад ниқоби тиббии пизишкии n95 ва 720 дамосанҷ аст. Қарор аст Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин таҷҳизоти пизишкиро дар марокизи дармонии саросари кишвар пахш кунад.

Ҳамчунин ба 1500 нафар аз кадри дармонӣ таҷҳизоти муҳофизатӣ аз ҷумла ниқоби ҷарроҳӣ, дасткаш ва либос дода мешавад ва дастгоҳи нафаси маснуӣ низ ба марокизи дармонӣ эҳдо хоҳад шуд.

Мрилиян Юсифсон- раиси Дафтари намоянагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон гуфт: Муқобила бо бемории коронавирус ниёз ба ҳамкории тамоми неруҳо ва баҳрагирӣ аз тамоми таҷҳизот дар дохили кишвар дорад бо вуҷуди ин аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ ва дигар кишварҳо медонем, ки ҳамкории наздик муассиртарин роҳ барои муқобила бо беморӣ аст.

Ӯ афзуд: Иттиҳодияи Аврупо ба унвони яке аз кумаккунандагони пешрав ҳимоятҳои пизишкӣ ва беҳдоштии худро аз Тоҷикистон бештар хоҳад кард.

Зайнаб Алъазови, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҳам гуфт: ЮНИСЕФ ҳамчунон худро мутааҳид ба ҳимоят аз давлати Тоҷикистон медонад ва аз феврал то кунун ба дархости давлат чаҳор маротиба маводди зиддиуфуникунанда ва беҳдоштӣ ба мақомоти тоҷик таҳвил додааст.