Май 19, 2020 11:12 Asia/Dushanbe
  • Кумаки мақомоти Тоҷикистон ба мардуми селзадаи минтақаи Хуросон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба мардуми селзадаи Хуросон имдодрасонӣ кард.

Ба гузориши радио бурунмарзии Садои Хуросон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ба далели бориши боронҳои шадид аз 14 то 16 майи соли 2020 ва ҷорӣ шудани сел манозили сокинони рустоҳо ва манотиқи Неъматуллоҳ Асадуллоҳ, Хуросон, Айнӣ ва рустои Бахтобод вайрон шуд.

338 бинои истиқоматӣ ҳам ба иллати бархурди сангу рониши замин ба таври комил вайрон шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дифои мадании Тоҷикистон барои кумак ба сокинон бо таҷҳизоти вижа кори поксозии манзилҳоро оғоз кард ва лою об аз 28 хона берун карда шуд.

Ҳамчунин 35 чодар барои  муваққатан мондани мардум дар минтақаи Хатлон ихтисос ёфт.