Май 19, 2020 11:53 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси вилояти Суғд аз минтақаи Истаравшан

Раиси вилояти Суғд аз минтақаи Истаравшан боздид ва бо пизишкони маҳаллӣ дидор кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Раҷаббой Аҳмадзода дар ин боздид аз вазъияти бахши муроқибатҳои беҳдоштии бемористони минтақа боздид кард. Мақомоти дармонии минтақа дар боздиди Аҳмадзода гузориш доданд, ки вазъияти шуйюи коронавирус дар ин шаҳр дар контроли кадри дармонӣ аст ва ин вилоят поинтарин омори беморони коронавирусро дар кишвар дорад. Раиси вилояти Суғд  ҳам ба масъулони тандурустӣ дастур дод то дору, дасткаш, ниқоби тиббӣ ва маводҳои антисептикии мавриди ниёзро таҳия кунанд. Илова бар ин, дастур дод то барои огоҳӣ ба мардум, маъракаҳоеро роҳандозӣ кунанд ва аз мардум бихоҳанд бидуни ниқоби тиббӣ аз хона хориҷ нашаванд.