Интиқоли 220 коргари муҳоҷир ва 28 тобут аз Русия ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53819-Интиқоли_220_коргари_муҳоҷир_ва_28_тобут_аз_Русия_ба_Тоҷикистон
Ҳавопаймои Тоҷик Эйр субҳи имрӯз 220 коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷик ва 28 ҷасадро аз Маскав ба Душанбе мунтақил кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 20, 2020 11:25 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли 220 коргари муҳоҷир ва 28 тобут аз Русия ба Тоҷикистон

Ҳавопаймои Тоҷик Эйр субҳи имрӯз 220 коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷик ва 28 ҷасадро аз Маскав ба Душанбе мунтақил кард.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, мақомоти ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр гуфтаанд ,ки ин парвози вижа интиқоли коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик ва аъзои хонаводаҳои ононро аз Русия буд ,ки пас аз тавофуқи Душанбе ва Маскав имконпазир гардид.

Иртиботи ҳавои миёни Русия ва Тоҷикистон ба далели густариши вируси Корона беш аз ду моҳ аст ,ки қатъ шуда ва танҳо бо тавофуқи дуҷониба чанд парвоз барои хориҷ кардани атбоъи ду кишвар анҷом шудааст.

Ҳамчунин бо ин парвоз ҷасади 28 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ,ки ахиран дар Русия ҷони худро аз даст додаанд , биноба дархости бастагони онон ба кишварашон мунтақил шуд то дар Тоҷикистон ба хок супурда шаванд.

Дар паи густариши вируси Корона ва қатъи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон акнун садҳо коргари муҳоҷири бекоршуда ва аъзои хонаводаҳои оно ,ки қасди бозгашт ба кишвари хешро доранд, наметавонанд ба ватан бозгарданд.

Ҳамчунин теъдоде аз коргарони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия ба ин далел дар боздоштгоҳҳои мувақат дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар нигаҳдори мешаванд ва аз имкони бозгашт ба Тоҷикистон маҳрум мебошанд.