Таҷлили рӯзи иди Фитр 24 май дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53831-Таҷлили_рӯзи_иди_Фитр_24_май_дар_Тоҷикистон
Иди Рамазон имсол дар Тоҷикистон рӯзи 24 май таҷлил карда мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 20, 2020 12:57 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили рӯзи иди Фитр 24 май дар Тоҷикистон

Иди Рамазон имсол дар Тоҷикистон рӯзи 24 май таҷлил карда мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ин тасмим дар ҷаласаи Шурои уламои кишвар гирифта шуд.

Ҳамчунин бар асоси тасмими Шурои уламои Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба шуйюи корона намози иди Фитр имсол бекор  ва ҳаргуна маросим ва нишаст низ мамнуъ эълом шуд.

Имсол мизони закоти фитрия 5 сомонӣ таъйин шудааст, Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ин маблағро бар асоси миёнаи ҳазинаи ду килограм гандум, тибқи қавонини исломӣ таъйин кард.

Афроди солхурда ва бемороне, ки натавонистанд рӯза бигиранд ҳам бояд бар ивази  ҳаррӯз 10 сомонӣ каффораи рӯза бипардозанд.