Ифтитоҳи се бемористони муввақат дар шаҳри Душанбе барои мубталоён ба Корона
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53843-Ифтитоҳи_се_бемористони_муввақат_дар_шаҳри_Душанбе_барои_мубталоён_ба_Корона
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон се бемористони мувақат дар шаҳри Душанбе барои дармони мубталоён ба Корона ифтитоҳ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 21, 2020 08:40 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи се бемористони муввақат дар шаҳри Душанбе барои мубталоён ба Корона

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон се бемористони мувақат дар шаҳри Душанбе барои дармони мубталоён ба Корона ифтитоҳ кард.

Ба нақл аз сомонаи pressa.tj , дар ин маросим Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон ва Рустами Имомалӣ шаҳрдори Душанбе, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекарданд.

Се бемористони муввақат дар сохтмони нави омӯзишгоҳи пизишкии шаҳри Душанбе ,хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва омӯзишгоҳи низомии неруи марзбонии ин кишвар вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Гуфта мешавад ,ки дар ин марказҳои дармони афроди мубтало ба Корона дармон мешаванд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод ,ки тамомии марказҳои дармонӣ ,дорухонаҳо,ширкатҳои дорусозӣ ва воридкунандагони дору ва лавозими пизишкӣ ва беҳдоштӣ дар шароити густариши Корона дар кишвар бояд шабонарӯзи фаолият кунанд.