Май 21, 2020 09:05 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари мубтало шудани нахуст вазири Тоҷикистон ба Корона

Сервиси матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабари мубталошудани нахуствазири кишвар ба Коронаро рад кард.

Ба нақл аз Спутник , сервиси матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард , Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон ба Корона мубтало нашудааст.

Овозаҳо дар бораи мубталоии нахуствазири Тоҷикистон ба Корона аз чанд рӯз пеш мунташир шуд.

Расулзода ,ки раёсати ситоди марказии муқобила бо Коронаи Тоҷикистонро низ бар уҳда дорад дар бахшҳои мухталифи хабарии телевезион ва радио ширкат мекунад.

Сервиси матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт ; Расулзода дар дафтари кори нахуствазири ҳузур дорад ва вазъияти саломатии Ӯ олӣ аст.

Телевезиони Тоҷикистон низ  дар  санаи 20 моҳи май тасвирҳои Расулзодаро дар маросими ифтитоҳи чандин тарҳи беҳдоштӣ ҳамроҳи раиси ҷумҳур пахш кард.