Май 21, 2020 12:29 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии Тоҷикистон барои ҳамкории бештар бо федератсиони банбитони Эрон

Тоҷикистон хоҳони ҳамкории бештар бо федератсиони банбитони Эрон аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , ноиби раиси бонувони федератсиони банбитони Эрон гуфт ; мақомоти варзишии Тоҷикистон дар нахустин ҷаласа бар хати онлайни кумитаи тавсиъаи Осиё хоҳони ҳамкории бештар бо Эрон дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла омӯзиш ва баргузории урдуҳо шуданд.

Фарибо Мададӣ,ноиби раиси бонувони федератсиони банбинтон гуфт ; нахустин ҷаласаи онлайни кумитаи банбитони Тавсиъаи Осиё бо ҳузури ҳашт нафар ва бо ҳузури мудири иҷроии Кумитаи Тавсиъаи Осиё баргузор шуд.

Вай афзуд ; дар ин ҷаласа намояндагони кишварҳо бояд гузориши мухтасаре аз амалкардҳо ва фаолиятҳои худ дар се моҳаи гузашта ва дар даврони шуюи вируси Корона ироа мекарданд.

Ноиби раиси бонувони федератсиони банбинтон аз таваҷуҳи Тоҷикистон ба ҳамкории бештар бо Эрон ишора кард ва изҳор дошт ; ба назар мерасид фаолияти кишвари мо беш аз кишварҳои дигар будааст ва масули кишвари Тоҷикистон зимни хушомадгуи ба Эрон ба далели қарор гирифтан дар минтақаи Осиёи миёна хоҳони ҳамкории бештар бо федератсиюни Эрон шуд то битавонад аз имконот ва ҳамкориҳои лозим дар заминаи омӯзиш ва баргузории урдуҳо ва дигар маворид бархурдор шаванд.