Май 21, 2020 16:24 Asia/Dushanbe
  • Сохти аввалин дастгоҳи танаффуси маснӯӣ дар Тоҷикистон

Аввалин дастгоҳи танаффуси маснӯӣ дар Тоҷикистон бо талоши мутахассисони Академияи миллии илмҳои ин кишвар сохта шуд.

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт: Дастгоҳи танаффуси маснӯии сохташуда бомуваффақият озмоиш шуд.

Ба гуфтаи вай дар сохти ин дастгоҳ тамоми шохисҳои илмӣ ва байналмилалӣ риоят шудааст.

Аввалин дастгоҳи танаффуси маснӯӣ дар мошини ҳамли бемор ҷосозӣ шуда ва барои тасҳили танаффуси бемор истифода мешавад.

Раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷиксттон гуфт: Барои сохти ин дастгоҳи танаффуси маснӯӣ, аз таҷҳизоти фаннии тавлидшуда дар кишвар истифода мешавад.