Май 21, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди даҳҳо тонна собун, хлор ва маҳлули зиддиуфууникунанда дар корхонаҳои Тоҷикистон

Корхонаҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва маҳлули зиддиуфуникунанда тавлид карданд.

Ба нақл аз Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба далели хурӯҷи бемории ҳамагири коронавирус, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор кг. маводи шӯянда, 150 ҳазор литр маҳлули зиддиуфуникунанда, 105 тонна собун, 55 тонна хлор ва 60 тонна гипохлорид содиум тавлид карданд.

Дар корхонаҳои "Сатурн -1", "Гурӯҳи ороишӣ ва беҳдоштии баҳор", "Покофар" аз шаҳри Душанбе, "Мирзошоев" аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, "Давои Сино" аз шаҳри Хӯҷанд, "Форам Суғд" аз Бӯстон ва "Тоҷик химпром", ноҳияи Ёвон маҳсулоти шӯянда, маҳлулҳои зиддиуфуникунанда, собуни мушк, хокаи хлор ва гипохлорид содиум барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус тавлид мекунанд.