Размоиш дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 22 May 2020 12:30:10 GMT )
Май 22, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
  • Размоиш дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон

Дар пойгоҳи 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон размоиш баргузор шуд.

Ба гузориши “Спутник”, сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон, дар размоиши ҳамлаи гурӯҳи харобкор ба системаи мушакҳои зиддиҳавоии “Эс 300”-ро дафъ карданд. Тибқи тарроҳии ин размоиш, дар маҳдудаи тамрин воҳидҳои гаштӣ “душмани фарзӣ” - ро шиносоӣ карданд, ки қасд дошт системаҳои мушакии зидди ҳавоиро ғайрифаъол ва контроли ин бахшро хадшадор кунад. Дар ин тамрини низомӣ ягонҳои амниятӣ ва гурӯҳҳои сайёри нигаҳбонӣ ширкат карданд. Илова бар ин, нерӯҳои созмони иртиботот байни лашкарҳои размӣ амалиёти муштаракро таҷриба карданд.

Сарҳанг (полковник) Сергей Горачев, фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар ин размоиш омодагии нерӯҳои мустақар дар ин пойгоҳро баррасӣ кард.