Май 23, 2020 09:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бадеҳии хориҷии Тоҷикистон аз оғози имсол то кунун

Бадеҳии хориҷии Тоҷикистон аз оғози имсол то кунун ба 2 миллиарду 909 миллион доллар расид.

Ба нақл аз сомонаи Tajik Te, ин дар ҳоле аст, ки оғози имсол бадеҳии хориҷии Тоҷикистон 2 миллиарду 888 милион доллар эълом шуда буд.

Гуфта мешавад, ки аз 2 миллиарду 909 миллион доллар бадеҳии хориҷии Тоҷикистон, 1 миллиарду 200 миллион доллар саҳми Бонки содирот ва воридоти колоҳои мухталиф аз Чин аст.

Ҳамчунин бадеҳии Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ 325 миллион доллар, Бонки рушди Осиё 259 миллион доллар ва Бонки тавсиаи исломӣ 134 миллион доллар эълом шуд.