Май 23, 2020 14:49 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии узви зиндонии Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз бемории коронавирус

Яке аз аъзои зиндонии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон, ки гирифтори бемории коронавирус буд, дармон шуд.

Писари Раҳматулло Раҷаб, узви Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст, аз беҳбуд ёфтани падараш аз бемории коронавирус дар зиндон хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Top Tj, Шӯҳрат Раҳматулло гуфт:

Пас аз як моҳи бистарӣ шудани падараш бар асари бемории коронавирус, вай дар дармонгоҳи зиндони шумораи №1 шаҳри Душанбе дармон шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон густариши коронавирус дар зиндонҳои кишварро тасдиқ намекунанд ва мегӯянд, ки фақат теъдоди каме зиндонӣ ба иллати ибтило ба илтиҳоби шуш ва дарди гулӯ дармон шуданд.