Афзоиши 14 дарсадии нархи орд дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53966-Афзоиши_14_дарсадии_нархи_орд_дар_Тоҷикистон
Нархи орд дар Тоҷикистон аз январ то апрели имсол 14 дарсад афзоиш доштааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 26, 2020 06:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 14 дарсадии нархи орд дар Тоҷикистон

Нархи орд дар Тоҷикистон аз январ то апрели имсол 14 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Фарғона, Ожонси омори Тоҷикистон эълом кард, сирпиёз (3 баробар), картошка ва лимон (2 баробар), себ (9 дарсад) афзоиши нарх доштааст.

Ҳамчунин ин ожонс эълом кард, нархи орд 14 дарсад, помидор 13 дарсад, макарон 12 дарсад, сабзӣ ва равғани растанӣ  7 дарсад ва шакар 7 дарсад афзоиш доштааст.

Ожонси омори Тоҷикистон мизони таваррум дар ин кишварро аз оғози имсол то кунун ҳудуди 5 дарсад эълом кард.