Май 26, 2020 12:50 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди афзоиши ҷаримаи нақдии поймолсозони қавонини беҳдоштӣ дар Тоҷикистон

Намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки ҷаримаи афроди поймолкунандаи муқаррарот ва қоидаҳои беҳдоштӣ дар кишвар афзоиш ёбад.

Ба гузориш радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, намояндагони маҷлис эътиқод доранд, ки ҳамаи шаҳрвандони кишвар тасмими Ситоди муқобила бо коронавирус дар мавриди истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумиро риоят намекунанд.

Дар ҳоли ҳозир маъмурони иҷроии қонун дар Тоҷикистон фақат ба афроде, ки бидуни ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумӣ равуо мекунанд тазаккур медиҳанд ва дар сурати лузум афрод аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Намояндагони  маҷлис бо ишора ба ин ки ин маблағ барои иҷбори афрод ба истифода аз ниқоби тиббӣ кофӣ нест пешниҳод карданд ин ҷарима то 406 сомонӣ афзоиш ёбад.