Эҳтимоли гирифтор шудани раиси вилояти Бадахшон ва ҳамсараш ба КОВИД-19
(last modified Wed, 27 May 2020 07:23:14 GMT )
Май 27, 2020 12:23 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли гирифтор шудани раиси вилояти Бадахшон ва ҳамсараш ба КОВИД-19

Раиси вилояти Бадахшон ва ҳамсараш дар бемористони Бунёди Оқохон дар шаҳри Хоруғ ба гумони олуда шудан ба коронавирус бистарӣ шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, сухангӯи раёсати вилояти Бадахшон гирифтани озмоиши коронавирус аз Ёдгор Файзов ва ҳамсарашро таъид карда гуфтааст, ки мунтазири посухи натиҷаҳо мебошанд, ки ба Душанбе ирсол шудааст.

Ғолиб Ниятбеков таъкид кардааст, ки то замони расидани посухи озмоиш аз Душанбе ин ду нафар дар бемористон таҳти назорати табибон хоҳанд буд ва бо беҳбуди вазъи умумияшон барои дармон ба хона интиқол дода мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон муқаррароти маҳдудияти шадиди равуо иҷро шудааст.

Вуруди сокинони навоҳии вилояти Бадахшон ба шаҳри Хоруғ мамнуъ шуда ва танҳо барои афроде, ки аз Душанбе меоянд, кормандони бахши дармон, мақомоти ҳукуматӣ ва муроҷеаткунандагони идороти давлатӣ барои корҳои фаврӣ, имкони вуруд ба маркази вилояти Бадахшон дода мешавад.