Май 27, 2020 19:46 Asia/Dushanbe
  • Таслияти раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар пайи даргузашти донишманди тоҷик

Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар паёме ба раиси Академияи миллии улуми Тоҷикистон, даргузашти Ҷӯрабеки Назрӣ, донишманд ва хонандаи саршиноси тоҷикро таслият гуфт.

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар паёме ба Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии улуми Тоҷикистон, даргузашти Ҷӯрабеки Назрӣ, раиси собиқи шӯъбаи осори хаттии пажӯҳишгоҳи шарқшиносии вобаста ба Академияи миллии улуми ин кишварро таслият гуфт.

Дар матни ин паёми таслият омадааст: “Бад-ин васила бо камоли таассуф ва таассури даргузашти устоди арҷманду донишманд - Ҷӯрабеки Назриро ба Шумо, аъзои муҳтарами академия, фарҳехтагон, ҳунармандон ва миллати шарифу ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон таслият гуфта ва худро дар мотами он андешаманд ва ҳунарманди аздастрафта шарик медонем. Аз Худованди бузург саломатӣ ва дилоромии хонадони он марҳум ва миллати тоҷикро масъалат менамоем”.