Май 28, 2020 08:58 Asia/Dushanbe
  • Фаолияти 7 гумруки марзӣ дар Тоҷикистон

Мудири идораи ҳамлу нақли заминии Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон гуфт ; ба далели шуюи Корона фақат 7 гузаргоҳи ҳамлу нақли байналмилаллӣ дар ин кишвар бозаст.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, Фарух Неъматзода ин матлабро дар нишасти видио канфронсии интиқоли байналмилаллии коло дар шароити густариши Корона эълон кард.

Вай дар ин нишаст,ки бо талоши Бонки рушд ва бозсозии Аврупо баргузор шуд гуфт ; дар ҳоли ҳозир аз 19 гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Узбакистон фақат 3 гузаргоҳ фаол аст.

Ӯ афзуд ; ҳамчунин дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ду гузаргоҳ ва Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон ҳам як гузаргоҳ боз аст.

Ин мақоми Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард ,ки аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон озмоиши Корона гирифта мешавад ва дар сурати доштани алоими бемори карантина мешаванд.