Октябр 04, 2016 18:31 Asia/Dushanbe
  • Шарти бонки аврупоӣ барои эътои қарз ба Тоҷикистон

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тасмим гирифтааст, ба шарти иҷрои ислоҳоти бонкӣ дар Тоҷикистон, 100 миллион доллар ба ин кишвар қарз пардохт кунад.

Ба иттилои Ирно, ҳарчанд Бонки аврупоии таҷдид ва рушд шартҳои худро дар қиболи пардохти ин қарз расонаӣ накардааст, аммо эҷоди ислоҳот дар бахши бонкдории Тоҷикистон аз ҷумла иҷозаи бозрасии молӣ барои баррасии шаффофияти бонкӣ муҳимтарин шарти ин ниҳоди байналмилалӣ хоҳад буд.

Дар сурти ихтисоси ин 100 миллион доллар, тарафи тоҷик бояд бархе бонкҳои ин кишварро аз вазъияти буҳронӣ хориҷ кунад.

Бонкҳои бузурги Тоҷикистон аз соли 2014 ба ин сӯ ба бадҳисобӣ маъруф шудаанд ва Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон дар охирин гузориши худ эълом кардааст, ки бархе бонкҳои Тоҷикистон дар пардохтҳои худ мушкил доранд.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби аслии гирифтор шудани бонкҳояшонро дар буҳрон, мудирияти нодурусти бонкӣ унвон кардаанд.