Ҳамлаи дубора ба хабарнигори сомонаи Азия-Плюс дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54089-Ҳамлаи_дубора_ба_хабарнигори_сомонаи_Азия_Плюс_дар_Тоҷикистон
Ба хабарнигори сомонаи Азия -Плюс дар Тоҷикистон дубора ҳамла шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2020 07:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи дубора ба хабарнигори сомонаи Азия-Плюс дар Тоҷикистон

Ба хабарнигори сомонаи Азия -Плюс дар Тоҷикистон дубора ҳамла шуд.

Ба Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи сомонаи Азия-Плюс, ки субҳи 29 май барои таҳияи гузориш дар бораи мардуми аз сел зарардида ба ноҳияи Хуросон рафта буд, се нафари ношинос ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи Абдуллоҳ, вақте ӯ ба хаймазори сокинони осебдида наздик мешуд, як мошини «Опел» ба тарафаш ҳаракат кард ва аз дохили се нафар баромада, ба иғвоангезӣ айбдор ва латтукӯбаш карданд.

«Ман ба онҳо фаҳмондам, ки ман журналистам ва барои таҳияи гузориш омадаам, вале онҳо гӯш накарда, якеаг ба латтукӯби ман сар кард ва дигарон тамошо мекарданд. Оне ки маро зад, худро раиси ҷамоат муаррифӣ карда буд», - мегӯяд Абдуллоҳ.

Ин алакай дуюмин ҳамла ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар рӯзҳои охир аст. Ӯро нафарони ниқобпӯш шаби 11 май дар назди манзилаш дар наздикии бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе латтукӯб карда буданд.

Он ҳамла мавҷи интиқодҳои байналмилалиро ба бор овард. САҲА, Кумитаи дифоъ аз Хабарнигорон, Ҳюман Райтс Вотс, сафорати Амрико дар Душанбе аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки ҳамлагаронро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд.