Радди коҳиши ҳуқуқи кормандони бахши пизишкии минтақаи Айнӣ
(last modified Sat, 30 May 2020 08:59:02 GMT )
Май 30, 2020 13:59 Asia/Dushanbe
  • Радди коҳиши ҳуқуқи кормандони бахши пизишкии минтақаи Айнӣ

Кормандони бахши пизишкии минтақаи Айнӣ, ахбори марбут ба коҳиши ҳуқуқро рад карданд.

Ба нақл аз яке аз сомонаҳои хабарии Осиёи Миёна, кормандони муассисоти пизишкӣ дар минтақаи Айнӣ, дар номае саркушода, ахбори марбут ба коҳиши ҳуқуқи худро такзиб карданд.

Кормандони беҳдошт эълом карданд, ахбори марбут ба коҳиши 300 сомонӣ ҳуқуқи онҳо сиҳат надорад.

Дар ин нома омадааст, ки ҳуқуқи коркунони беҳдошт ва дармон, ҳар моҳ аз 840 то 1277 сомонӣ таъин шуда ва бамавқеъ пардохт мешавад.