123 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54107-123_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то асри рӯзи шанбе 30 май 123 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон сабт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2020 17:31 Asia/Dushanbe
  • 123 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то асри рӯзи шанбе 30 май 123 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бо дар назар гирифтани мавориди ҷадид то асри рӯзи шанбе 30 май теъдоди кулли мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон ба 3 ҳазору 807 нафар расидааст. 

Дар шабонарӯзи ахир омори фавтшудагон бар асари корона бидуни афзоиш ҳамон 47 нафар эълом шудааст. 

Ҳамчунин 1 ҳазору 865 нафар аз беморони беҳбудёфта аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд ва 2 ҳазору 76 нафар ҳамчунон дар марокизи дармонӣ бистарӣ ҳастанд.