Даргузашти шахсияти машҳури сиёсии тоҷик
(last modified Sun, 31 May 2020 04:31:41 GMT )
Май 31, 2020 09:31 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти шахсияти машҳури сиёсии тоҷик

Сайфиддин Тураев- шахсияти машҳури сиёсии тоҷик дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшани вилояти Суғд даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, далели даргузашти вай норасоии қалбӣ эълом шудааст.

Тураев солҳои зиёде дар симатҳои вазири хадамоти шаҳрӣ ба унвони яке аз ҷавонтарин вазирон ва муовини аввали раиси парлумони вақти Тоҷикистон фаолият карда дар нахустин интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пас аз фурупошии шуравӣ дар моҳи ноябри соли 1991 номзад шуд.

Вай дар интихоботи ноябри соли 1999 Тоҷикистон пас аз поёни ҷанги дохилии ин кишвар низ ба унвони номзад муаррифӣ шуд, ки комиссияи интихоботи вақт аз сабтиноми ӯ худдорӣ кард.

Сайфиддин Тураев дар солҳои ахир аз сиёсат канор кашида ва дар бахши хусусӣ фаолият мекард.