Май 31, 2020 16:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости шаҳрдори Душанбе аз Бонки миллии Тоҷикистон дар шароити коронавирус

Шаҳрдори Душанбе аз Бонки миллии Тоҷикистон дархост кард, бо соҳибони машоғили осебдида аз густариши коронавирус ҳамкорӣ кунад.

Ба нақл аз сомонаи шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо ишора ба тамдиди 15-рӯза баста боқӣ  мондани бозорҳо, ороишгоҳҳо, марокизи фурӯши гӯшиҳои телефони ҳамроҳ ва шустушӯи мошинҳо то 15 июн, аз мудирияти Бонки миллии Тоҷикистон хостааст, ки барои эътои тасҳилоти молиётӣ ва фурсати бештар ба соҳибони ин касбу корҳо, дар бозпардохти вомҳояшон барномарезӣ кунад.

Вай таъкид кардааст, ки дар замони таътилии ин касбу корҳо, хадамоти назорат бар авзои беҳдоштии шаҳрдории Душанбе бояд бозорҳо ва марокизи хадамотиро зиддиуфунӣ кунад.