Нигаронии Русия аз озмоишгоҳҳои биологии Амрико дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 31 May 2020 12:50:08 GMT )
Май 31, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Русия аз озмоишгоҳҳои биологии Амрико дар Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Русия аз густариши озмоишгоҳҳои биологии Амрико перомуни Русия ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз  сомонаи Спутник, Сергей Лавров дар нишасти ахири вазирони умури хориҷаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд, густраши фаъолиятҳои инизомии биологии Амрико дар манотиқи перомунии Русияро таҳдиди ҷиддӣ алайҳи кишвараш донист.

Бар асоси ин гузориш, дар соли 2013 амрикоиҳо ба баҳонаи низоми авзои бемориҳои сироятӣ дар маркази миллии пайванди аъзои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, бо мусоидати молии Агентии рушди демократия (USAID) ва Сандуқи хайрияи Фаронса озмоишгоҳи амнияти биологӣ ифтитоҳ карданд.