Июн 02, 2020 09:43 Asia/Dushanbe
  • Сохти як мурғдорӣ дар минтақаи Суғд

Як мурғдорӣ дар минтақаи Суғд сохта мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои  Хуросон ба нақл аз Avesta, ин мурғдорӣ  дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сохта хоҳад шуд. Ин мурғдорӣ зарфияти парвариши  20  ҳазор мурғро  дар сол  дорад ва қарор аст  то сентябри 2021  баҳрабардорӣ шавад.

Ҳамчунин  дар ин минтақа  як  чорвопарварӣ бо зарфияти парвариши 350 чорво ҳам дар ҳоли сохт аст.

Бо оғози фаолияти ин ду воҳиди тавлиди маҳсулоти чорво барои 50 нафар ҷойи кор ба вуҷуд меоварад.

Барои сохти ин тарҳҳо 4 миллион сомонӣ ҳазина хоҳад шуд.