Судури ғайриҳузурии аттестатсияи хатм дар Тоҷикистон
Июн 02, 2020 05:41 Asia/Dushanbe
Аттестатсияи хатми хонандагони мактабҳо дар Тоҷикистон ғайриҳузурӣ содир мешавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, бар асоси қарори Вазорати маорифи Тоҷикистон аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 ғайриҳузурӣ содир мешавад.
Ин тасмим дар нишасти Ситоди мубориза бо коронавируси Тоҷикистон ба вазорати маориф иблоғ шуд.
Ҳамчунин аъзои ин ситод аз масъулони вазорати маориф хостанд барои итминон аз сиҳати баҳои хонандагон барои сабт дар аттестатсияи хатм, ҷаласаҳои таҷдиди назар ва арзёбиро дар идораҳои зермаҷмӯаи вазоратхона роҳандозӣ кунанд.