Сохти маҳаллаи нав дар шаҳри Душанбе
(last modified Tue, 02 Jun 2020 07:34:50 GMT )
Июн 02, 2020 12:34 Asia/Dushanbe
  • Сохти маҳаллаи нав дар шаҳри Душанбе

Маҳаллаи нав дар шаҳри Душанбе бо номи Лучоб сохта мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои  Хуросон ба нақл аз Спутник, масоҳати маҳаллаи нав 30 гектар ва қарор аст ҳудуди  30 сохтмон ҳамроҳ бо имконоти омӯзишӣ, иҷтимоӣ ва идорӣ дар он сохта шавад.

Дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе эълом кард: Сохтмонҳои баландиртифоъ дар атрофи бӯстони Умари Хайём сохта мешавад.

Тарроҳӣ ва меъмории ин сохтмонҳои истиқоматӣ тамом шуда ва қарор аст  то сентябри  2022 ба харидорон  таҳвил дода шавад.

Пеш аз ин эълом шуда буд, ки қарор аст  5 маҳаллаи нав дар минтақаи Синои шаҳри  Душанбе низ сохта шавад.