Пардохти моҳона 100 доллар ба кӯдакони бесарпараст дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54211-Пардохти_моҳона_100_доллар_ба_кӯдакони_бесарпараст_дар_Тоҷикистон
Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон моҳона 100 доллар кумаки маишатӣ ба афроди бесарпараст пардохт мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 03, 2020 14:49 Asia/Dushanbe
  • Пардохти моҳона 100 доллар ба кӯдакони бесарпараст дар Тоҷикистон

Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон моҳона 100 доллар кумаки маишатӣ ба афроди бесарпараст пардохт мекунад.

Ба гузориши Хадамоти матбуотии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, кумакҳазинаи моҳона 100 доллар ба ятимони тоҷик пардохт мешавад.

Ин кумаки маишатӣ ба 500 бесарпараст дар манотиқи Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кӯшониён, Вахш , Левакант, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Норак, Ёвон, Дӯстӣ, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун пардохт хоҳад шуд.

Пеш аз ин қарор буд, ки ба хонаводаҳои камдаромад дар Тоҷикистон ҳар се моҳ 116 сомонӣ ба унвони кумак ҳазинаи маишатӣ пардохт шавад.