Июн 05, 2020 20:23 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолияти дувумин озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар вилояти Суғд

Дувумин озмоишгоҳи вирусшиносӣ, ки аз Русия ба шимоли Тоҷикистон мунтақил шудааст, дар бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фаъолияташро оғоз кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, дар ин озмоишгоҳ заминаи анҷоми озмоишҳои тахассусӣ аз 200 нафар афроди машкук ба доштани вируси корона дар як шабонарӯз фароҳам хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар, ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар моҳи май танҳо дар шаҳри Душанбе теъдоди озмоишгоҳҳои вирусшиносӣ аз як воҳид ба чаҳор воҳид афзоиш ёфт, ки имкони озмоиши 15 ҳазор фарди машкук ба бемории “Ковид – 19” -ро фароҳам сохт.

Дар авохири моҳи май дар Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар нахустин бор озмоишгоҳҳои вирусшиносӣ фаъол шудаанд ва дар ин марокиз 10 мутахассиси вирусшинос, ки давраҳои омӯзиширо фаро гирифтаанд, машғул ба кор шуданд.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раиси Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон дастур додааст, ки дар ҳамаи шаҳрҳо ва марокизи навоҳии ин ҷумҳурӣ дар кӯтоҳтарин замони мумкин озмоишгоҳҳои вирусшиносӣ бо мутахассисон ва таҷҳизоти пешрафта ифтитоҳ гардад.