Сафари намояндагони ниҳодҳои беҳдоштии байналмилалӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54240
Гурӯҳе муштарак аз Хадамоти федералии назорати беҳдоштии Русия ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 06, 2020 09:13 Asia/Dushanbe
  • Сафари намояндагони ниҳодҳои беҳдоштии байналмилалӣ ба Тоҷикистон

Гурӯҳе муштарак аз Хадамоти федералии назорати беҳдоштии Русия ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Ба нақл аз  Pressa.tj, намояндагони Хадамоти федералии назорат бар ҳавзаи беҳзизстии инсонӣ ва беҳдоштии Русия (Роспотребнадзор) ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, барои кӯмак ба Тоҷикистон, дар заминаи озмоишоти эпидемиологӣ ва таҳқиқоти илмӣ дар бораи коронавирус ба Тоҷикистон эъзом мешаванд.

Дар моҳи май низ намояндагони Хадамоти федералии назорат бар ҳавзаи беҳзистии инсонӣ ва беҳдоштии Русия ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сафар карданд.

Ҳадафи сафарҳо, баррасии вазъияти бемории коронавирус ва ҳамчунин мизони тавонмандии озмоишгоҳӣ ва пизишкии кишвар аст.