Октябр 05, 2016 10:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тадобири амниятӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Тоҷикистон барои коҳиши нуфузи террористҳо ба ин кишвар тадобири амниятиро дар марзҳои худ афзоиш дод.

Ба гузориши хабаргузории Озартоҷ, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбе эълом кард, ки ба иллати ҷилавгирӣ аз нуфузи террористҳо шумори нерӯҳои низомии худро дар марз бо Афғонистон афзоиш додааст .

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳоли омодабош ҳастанд .

Пеш аз ин низ мақомҳои тоҷик аз нерӯҳои артиш барои эҷоди хатти дуввуми ҳифозат аз марз истифода карда буданд .

Ин гурӯҳ рӯзи душанбе аз бандари Кобул, Имомсоҳиб, Хонобод ва Боғи Ширкат амалиёти худро оғоз карданд ва манотиқи бисёре аз шаҳри Қундузро ба тасарруфи худ дароварданд.

Дар се соли ахир бо кумаки кишварҳои минтақа, Тоҷикистон беш аз 10 посгоҳи марзӣ бо 50 ило 70 марзбони мустақар дар ҳар маркази марзбонӣ сохтааст ва ҳамчунин аз ҳамкории иттилоотии сокинини манотиқи марзӣ барои шиносоии вуруди ғайримуҷози афрод баҳра гирифта мешавад .