Коҳиши теъдоди мубталоён ба корона дар Тоҷикистон
Раиси клиники Ибни Сино дар шаҳри Душанбе гуфт: Теъдоди мубталоён ба корона ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Абдухалил Халилзода гуфт: Бар асоси таҷрибаи дигар кишварҳо, мутахассисон аз шуйюи бемории корона бисёр нигарон буданд ва интизор доштанд то густариши вирус то моҳи август идома дошта бошад ва афроди зиёде қурбонӣ шаванд.
Вай гуфт: Таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки 5 дарсад аз афроди олуда ба корона ҷони худро аз даст медиҳанд бино барин нигарон будем, ки беморони шадиди роҳҳои нафас ба клиники Ибни Сино муроҷиат кунанд.
Ба гуфтаи Халилзода, шуйюи корона дар кишвар ба тадреҷ дар ҳоли коҳиш аст, ки ин мумкин аст ба далели тағйири фасл бошад.
Вай гуфт: Гарм шудани ҳаво таъсири зиёде дар коҳиши шуйюи бемориҳои роҳҳи нафаси вирусӣ мегузорад монанди зуком, ки бо шуруи гармо аз байн меравад.