Июн 07, 2020 11:48 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди доруи зидди корона дар Тоҷикистон

Дорусозе, ки тавлиди доруҳои зидди коронаро оғоз кардааст мегӯяд ин доруҳо аз гирифторӣ ба корона ҷилавгирӣ мекунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Саидвалӣ Ҳикматов- дорусози тоҷик, тавлиди нӯшокиҳо, равғанҳо ва маҳлулҳои безараргардониро оғоз ва онҳоро  “Antikovid-19” номгузорӣ кардааст.

Саидвалӣ Ҳикматов гуфт: Истифода аз ин дору боиси таскини дарди беморони мубтало ба КОВИД-19 мешавад ва аз шуйюи вирус ҷилавгирӣ мекунад.

Вай афзуд: Пизишкон ва дигар афроде, ки бо беморон сару кор доранд, агар даҳони худро бо маҳлули зиддиуфуникунанда бишуянд хатари уфунат ба таври комил аз байн меравад.

Ӯ афзуд: Дар ин маҳлул витамин Е, ки ба мизони фаровоне дар малина вуҷуд дорад, барои дармони саратонҳо ва системи қалбӣ ва рагҳо бисёр муҳим аст ин мода ҳамчунин  дорои маводди хӯрока ва муҳими муғаззӣ монанди калсий, фосфор, калий, магний, оҳан,сулфур, мис, манган, кром, селеном, силикон, бур,руй ва ... аст.

Истифода аз маҳлули безараргардонии гиёҳӣ дар пешгирӣ ва дармони КОВИД-19 барои дармони сардард, зуком, дарди қафасаи сина, илтиҳоби шуш, таб, таби боло, зарабони қалби сареъ ва тангии нафас истифода мешавад.