Азсаргирии фаъолияти марказҳои тиҷорӣ ва хадамотӣ дар Тоҷикистон аз 15 июн
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54316-Азсаргирии_фаъолияти_марказҳои_тиҷорӣ_ва_хадамотӣ_дар_Тоҷикистон_аз_15_июн
Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон эълом кард, ки ба далели беҳбуди нисбии авзоъ, аз рӯзи 15 июн фаъолияти бисёре аз марокизи тиҷорӣ дар ин кишвар аз сар гирифта мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 07, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии фаъолияти марказҳои тиҷорӣ ва хадамотӣ дар Тоҷикистон аз 15 июн

Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон эълом кард, ки ба далели беҳбуди нисбии авзоъ, аз рӯзи 15 июн фаъолияти бисёре аз марокизи тиҷорӣ дар ин кишвар аз сар гирифта мешавад.

Ба нақл аз сомонаи pressa.tj, ин тасмим дар нишасти ахири ситоди муқобила бо коронавирус, ба раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон гирифта шуд.

Бар асоси ин тасмим, аз 15 июн, марокизи тиҷорӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ғизохӯриҳо ва ороишгоҳҳо дар Тоҷикистон фаъолияти худро дубора оғоғз мекунанд.

Дар ҳамин баёния таъкид шудааст, ки сокинони Тоҷикистон мулзам ба мурооти муқаррароти беҳдоштӣ, риояти фосилаи иҷтимоӣ ва доштани ниқоби муҳофизатӣ дар берун аз хона мебошанд.