Таъсири ногувори коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷир бар иқтисоди Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54319-Таъсири_ногувори_коҳиши_даромади_ирсолии_коргарони_муҳоҷир_бар_иқтисоди_Тоҷикистон
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки коҳиши 40 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷир барои иқтисод ва маишати хонаводаҳои тоҷик ногувор хоҳад буд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 08, 2020 08:52 Asia/Dushanbe
  • Таъсири ногувори коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷир бар иқтисоди Тоҷикистон

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки коҳиши 40 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷир барои иқтисод ва маишати хонаводаҳои тоҷик ногувор хоҳад буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Аахбори Осиёи Марказӣ, Неъматулло Мирсаидов ба таъкиди нашрияи Блумберг (Bloomberg) бар осебпазирии Тоҷикистон аз коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия ва Қазоқистон ба далели густариши вируси корона ишора карда ва гуфтааст, ки ин шароит вазъияти иқтисоди Тоҷикистонро бо буҳрони шадиде рӯбарӯ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Мирсаидов, коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2019 аз Русия беш аз ду миллиарду 600 миллион доллар ба кишварашон ирсол карда буданд, ки баробар бо 35 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар буд, аммо ба иллати таътилии марокизи саноатӣ, тиҷорӣ ва сохтмонсозӣ дар Русия ва Қазоқистон, коргарони муҳоҷири тоҷик акнун бекор шудаанд ва маблағе ба Тоҷикистон ирсол намешавад.

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон гуфтааст, бояд дар интизори афзоиши таваррум, бекорӣ, фақр ва афзоиши нархҳо дар Тоҷикистон буд.