Июн 08, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Ҷавонони Айнӣ ва истихроҷи тилло аз рӯдхонаи Зарафшон

Пас аз муҷоз шудани бахши хусусӣ ба истихроҷи тилло дар Тоҷикистон гурӯҳе аз ҷавонони ноҳияи кӯҳистонии Айнӣ дар ҳар шабонарӯз ҳудуди ду грам тилло истихроҷ мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи pressa.tj, дар ҳоли ҳозир як грам тилло аз ин афрод ба нархи 360 то 380 сомонӣ харидорӣ мешавад, ки дар шароити густариши вируси корона ва бекор шудани теъдоди зиёде аз сокинони Тоҷикистон манбаи муҳими таъмини ниёзи молии хонаводаҳо ба ҳисоб меояд.

Бар асоси қонуни нави эътои иҷозатнома ба бахши хусусии Тоҷикистон акнун сокинони ин кишвар метавонанд ба таври якнафара ба истихроҷи тилло аз рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ ва фурӯши он ба давлат иқдом кунанд.

Иҷозатномаи истихроҷи тилло ба сокинонро Вазорати молияи Тоҷикистон эъто мекунад.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 10 ширкати мухталиф машғули истихроҷи тилло дар Тоҷикистон ҳастанд, ки ширкати "Зарафшон", ширкати давлатии "Тиллои Тоҷик", ширкати "Одина " ва "Покрӯд" аз бузургтарини онҳо ба шумор мераванд ва аксаран бо кишвари Чин муштарак мебошанд.