Дастури сохти 30 мактаби нав дар шаҳри Душанбе то 9 сентябр
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54332-Дастури_сохти_30_мактаби_нав_дар_шаҳри_Душанбе_то_9_сентябр
Шаҳрдори Душанбе дастури сохти 30 мактаби навро то рӯзи 9 сентябри соли 2021 баробар бо сиюмин солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон содир кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 08, 2020 14:48 Asia/Dushanbe
  • Дастури сохти 30 мактаби нав  дар шаҳри Душанбе то 9 сентябр

Шаҳрдори Душанбе дастури сохти 30 мактаби навро то рӯзи 9 сентябри соли 2021 баробар бо сиюмин солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон содир кард.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки ин марокизи омӯзишӣ бо ҳазинаи шаҳрдорӣ, ҷазби кумакҳои молии хориҷӣ ва мушорикати сармоягузорони дохилӣ сохта хоҳанд шуд.

Дар ин марокизи нави омӯзишӣ беш аз 27 ҳазор донишҷӯ ба таҳсили илм хоҳанд пардохт.

Шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, ки бо 860 ҳазор нафар ҷамъият бузургтарин шаҳри ин кишвар ба ҳисоб меояд бо камбуди фазои омӯзишӣ рӯбарӯ аст.