Июн 09, 2020 09:13 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли тарҳи ислоҳи қонуни андоз аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба маҷлис

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тарҳи ислоҳи қонуни андози ин кишварро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол кард.

Дар сурати тасвиби ин тарҳ дар маҷлис, мизони андози пардохтии марокизи дармонии ғайридавлатӣ коҳиш аммо ҷаримаи фаолитҳои ғайримуҷози тиҷорӣ афзоиш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, Эмомалӣ Раҳмон бар асоси ин тарҳ пешниҳод кардааст, ки андоз аз арзиши иловашуда барои марокизи дармонии ғайридавлатӣ аз 18 дарсади феълӣ ба 5 дарсад коҳиш дода шавад.

Аз дидгоҳи теъдоде аз намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ин иқдом дар шароити густариши коронавирус дар кишвар заминаи эътои сабукӣ ба марокизи дармонии ғайридавлатиро фароҳам мекунад.

Ҳамчунин бар асоси ин тарҳ ҷаримаи фаолитҳои ғайримуҷоз барои афроди шоғил дар бахшҳои хусусии Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Дар ҳоли ҳозир афроде, ки фаолитҳои ғайримуҷози тиҷорӣ мекунанд ҳазору 740 сомонӣ ҷарима мешаванд.