Поёни карантини сарбозон дар Тоҷикистон
Июн 09, 2020 07:06 Asia/Dushanbe
Муддати карантини сарбозоне, ки ба тозагӣ вориди нерӯҳи мусаллаҳи Тоҷикистон шуданд ба поён расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Avesta, ин гурӯҳ аз сарбозон бо поёни даврони карантин дар маросими савгандёд ширкат ва хизмати ҳарбии худро оғоз карданд.
Гуфта мешавад дар ин маросим ҳамаи нерӯҳои артиши Тоҷикистон ниқоби тиббӣ истифода карда буданд.
Қабл аз шуруи маросим ҳам ҳарорати бадани ҳамаи сарбозон низ андозагирӣ шуд. Барои нахустин бор бо ҳадафи пешгирӣ аз коронавирус дар маросими савгандёди имсол дар Тоҷикистон волидайни сарбозон ҳузур надоштанд.