Июн 09, 2020 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ширкати намояндагони артиши Тоҷикистон дар маросими режаи низомии Маскав

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маросими режаи солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Маскав ширкат мекунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, қарор аст маросими режаи низомӣ 24 июн дар Майдони сурхи Маскав баргузор шавад.   

Сарбозон ва афсарони нерӯҳои ҳавоӣ ва заминӣ ва дифои артиши Тоҷикистон низ дар ин маросим ҳузур доранд.   

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ба  ифтихори ҳафтоду панҷумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар маросими режаи низомӣ ширкат хоҳад кард.   

Машқи нерӯҳои низомӣ 17 ва 18 июн дар Майдони сурх баргузор мешавад.   

Дар маросими режаи низомии Пирӯзӣ ҳудуди 15 ҳазор низомӣ ба ҳамроҳи анвои намуди таҷҳизоти низомӣ ҳузу доранд.