Июн 09, 2020 13:50 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи парванда алайҳи сокинони эътирозгари минтақаи Хуросон

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи теъдоде аз сокинони минтақаи Хуросон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеи хабарии Тоҷикистон, Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи афроди ёдшуда, ки 4 нафар аз онҳо боздошт ва 2 нафар низ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли сукунат озод ҳастанд ба бастани роҳи иртиботии Душанбе-Бохтар дар минтақаи Хуросон муттаҳам кардааст.

Раҳматуллоҳ Сафарзода, раиси минтақаи Хуросон гуфт: Аз боздошти сокинони эътирозгар иттилоъ дорад вале ин парванда дар салоҳияти мақомоти амниятӣ аст.

Теъдоде аз сокинони шаҳристони Хуросони вилояти Хатлон 17 май дар таҷаммуе ба бетаваҷҷуҳии мақомоти ҳукумат ба вазъияти минтақаҳои селзадаи ин шаҳристон эътироз карданд онҳо барои муддате роҳи иртиботии миёни пойтахт ва маркази вилоятро бастанд.