Июн 10, 2020 08:59 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои эмин аз густариши вируси корона

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии кишварҳои амн аз вируси корона дар мақоми 124 қарор гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин радабандиро Созмони байналмиллалии Deep knowledge group  бар асоси иттилооти 200 кишвари ҷаҳон анҷом додааст.

Муҳимтарин шохисҳои ин радабандӣ таъсири карантин, ташхиси сареи беморони КОВИД-19 ва омодагии кишварҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ унвон шудааст.

Дар ин радабандӣ аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ҷойгоҳи 71, Қирғизистон 108, Узбакистон 121, Тоҷикистон 124 ва Туркманистон 131-ро дорад.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз чаҳорҳазору 609 нафар аз сокинони ин кишвар ба бемории  КОВИД-19 дучор шуда ва 48 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ин мақомот ҳамчунин аз коҳиши теъдоди афроди мубтало ба ин беморӣ ва афзоиши омори беҳбудёфтагон тайи ҳафтаҳои ахир хабар додаанд.