Иқдомоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои муқобила бо корона дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 10 Jun 2020 14:22:52 GMT )
Июн 10, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои муқобила бо корона дар Тоҷикистон

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба манзури ҳимоят ва ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон, як ҳавопаймо шомили таҷҳизоти пизишкӣ ба вазни 1 тон ва ҳамчунин гурӯҳе аз мутахассисони пизишкии лаҳистониро ба ҳамроҳи коршиносони ин созмон барои муқобила бо густариши “Ковид – 19” ба ин кишвар ирсол кард.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт: Таҷрибаи тимҳои ёрии таъҷилии пизишкӣ дар мубориза бо густариши “covid-19” дар Лаҳистон, Италия ва Қирғизистон метавонад кумаки муҳиме барои ҳар кишваре бошад ва вуруди ин тим ба Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад нақши асосӣ дар муҳофизат аз мардум дар баробари ин беморӣ дошта бошад.

Ба муддати се ҳафта, 23 мутахассис аз тимҳои ёрии таъҷилии пизишкии Лаҳистон, ки шомили мутахассисони беҳушӣ, пизишкони бемориҳои уфунӣ, парасторон ва мутахассисони башардӯстона ҳастанд, дар канори ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкорӣ хоҳанд кард ва беҳтарин равишҳоро дар муолиҷаи мавориди шадиди “covid-19” ба иштирок мегузоранд.

Ба унвони бахше аз ин амалиёт, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамчунин мутахассисони ташхиси пизишкӣ ва озмоишгоҳиро аз Олмон, Федератсияи Русия ва Англия муттаҳид мекунад, ки бино ба дархости давлати Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои оянда ба ин кишвар фиристода шаванд.

Озмоишгоҳҳои посухи босуръат (сайёр) ва тимҳои ёрии таъҷилии пизишкӣ дар муассисоти пизишкӣ дар манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла дар дурафтодатарин манотиқ кор хоҳанд кард. Коршиносони эъзомӣ тавассути дафтари минтақаии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар Аврупо ба Тоҷикистон, ҳамроҳ бо кормандони дафтари СҶБ, аз давлати ин кишвар ва шарикони байналмилалӣ дар эҷоди маркази амалиёти изтирории беҳдошти умумӣ, густариши стратегияи маҳор ва тақвияти механизмҳои иртибот бо рискҳои мавҷуд ва таомул бо ҷавомеи маҳаллӣ ҳимоят мекунанд.